Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтӣ: “Хидмати аскарӣ ҳам ибодат аст”


Сайидмукаррам Абдулқодирзода
Сайидмукаррам Абдулқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъааш (30 январ) хидмати сарбозиро як навъ ибодат донист ва аз ҷавонон хост, ҳангоми даъват ба Артиш рӯ ба гурез наоваранд. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки дар ҳузури садҳо намозгузор дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб сухан мегуфт, таъкид дошт, ҳоло Тоҷикистон обод асту вазъи қисмҳои низомӣ ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Вай илова кард, “ин Ватани обод аст. Шукрона кунед. Хизмати сарбозӣ худаш шукрона аст, ибодат аст.”

Даъвати раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамагӣ то ду моҳи дигар даъвати навҷавонон ба хидмати сарбозӣ оғоз меёбад ва дар ин муддат аксар ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ талош мекунанд, худро ба ҳар баҳонае аз ин майдон халос кунанд.

XS
SM
MD
LG