Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ дар Бостон 50 доллар ҷарима шуд


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрикоро 50 доллар ҷарима бастанд. Вай дар шаҳри Бостон барфи роҳрави назди хонаашро пок накарда буд.

Намояндаи шаҳрдорӣ хабар дод, ки Ҷон Керрӣ ба зудӣ ин ҷаримаро пардохт хоҳад кард. Баъд аз бастани ҷарима ба зудӣ барфи назди хонаи вайро дар маҳаллаи муътабари Бикон Ҳилл пок карданд.

Дар дафтари пулис гуфтанд шахсе, ки ҷарима навиштааст намедонистааст, ки ин хонаи Ҷон Керрӣ аст. Дар бораи пок накардани барф ҳамсоягони Ҷон Керрӣ ба мақомот хабар додаанд.

Рӯзҳои ахир дар Бостон барфи зиёд борид ва мақомоти шаҳр мегӯянд касоне, ки барфро пок намекунанд ва дар назди хонаҳои худ тӯдаи барфҳоро нигоҳ медоранд, ҷарима хоҳанд шуд.

Дар рӯзҳои бориши барф Ҷон Керрӣ як ҷо бо Барак Обама-раиси ҷумҳур баъд аз даргузашти малик Абдулло-шоҳи Арабистони Саудӣ машғули боздид аз ин кишвар буданд.

XS
SM
MD
LG