Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба гузоришҳо, як сарбози артиши Афғонистон дар фурудгоҳи низомии Кобул се сарбози қарордодии Амрикоро кушта ва як нафари дигарро захмӣ кардааст. Як мақоми нируҳои ҳавоии Афғонистон гуфт, то ҳол сабабҳои ин куштор маълум нест. Дар бораи сарнавишти сарбози тирандохта низ хабар дода намешавад.

Аммо нируҳои эътилофи байналмиллалии зери фармондеҳии Амрико ин тирандозиро таъйид карданд.Як мақоми вазорати дифои Амрико низ ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки ин сарбозони қарордодӣ барои Раёсати дифоъи Амрико кор мекарданд ва аз захми тир ҷон додаанд.

Мақмоти нируҳои ҳавоии Афғонистон мегӯянд, ки расидагӣ ба ин ҳодиса идома дорад. Солҳои охир ба низомиёни нируҳои эътилофи байналмиллалӣ чанд ҳамла сурат гирифтааст ва яке аз бадтарини онҳо куштори Ҳаролд Грин-генерали амрикоӣ дар моҳи августи соли гузашта мебошад.

XS
SM
MD
LG