Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 млн. сомонӣ зиён аз бахшидани қарзи 'Тоҷик Эйр'


Аловуддин Сатторов
Аловуддин Сатторов

Масъулони ширкати “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, дар пайи бахшида шудани 25 миллион сомонӣ қарзи “Тоҷик Эйр” аз сӯи ҳукумат ба буҷа 17 миллион сомонӣ зиён расидааст.

Аловиддин Сатторов -- раҳбари генералии “Тоҷиксуғурта” рӯзи 30 январ гуфт, “қаблан ду дарсад аз пули умумии билети ҳавопаймо ба "Тоҷиксуғурта" гузаронда мешуд. Аммо онҳо нагузаронданду қарздор шуданд. Ҳукумат онҳоро бахшид ва аз 25 миллион сомонӣ бояд 17 миллионаш ба буҷа ворид мешуд, ки нашуд.”

Оқои Сатторов мегӯяд, аз ин ба баъд ҳар ҳолати нохуше, ки дар ҳавопаймо рух медиҳад, “Тоҷиксуғурта” ҷуброн нахоҳад кард. Ба гуфтаи Сатторов 70 дарсади даромади ин корхона ба буҷаи кишвар ворид карда мешавад.

XS
SM
MD
LG