Пайвандҳои дастрасӣ

​Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ дар Маккаи Арабистони Саудӣ ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ, ки дар шаҳри Маккаи Мукаррама (Арабистони Саудӣ) баргузор шуд, соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми январ аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ин мусобиқа се паҳлавони ҷавони тоҷик - Ёсин Неъматов (66 кг), Раҳмихудо Шарифов (81 кг) ва Хуршед Маҷидов (90 кг) дар ҳайати дастаи Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат карданд. Ёсин Неъматов ва Хуршед Маҷидов, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, инчунин паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадрасул Сайидумаров дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Беларус, ки дар шаҳри Могилёв баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG