Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба санҷиши ҳуҷҷатҳои мансабдороне пардохтааст, ки ба далели маъюбияшон нафақаи ҳангуфт дарёфт мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нафақаи маъюбии беш аз ҳазор нафареро, ки мансабҳои раҳбарикунандаро бар дӯш доранд, дубора бозбинӣ мекунад. Масъулони ин вазорат аз ошкор кардани исми ҳамаи ин мансабдорон худдорӣ менамоянд, аммо тасдиқ мекунанд, воқеан, нафақаи онҳо ба маротиб аз нафақаи сокинони одӣ бештар аст.

Бозбинии нафақаи маъюбони мансабдор ба дунболи тағийру иловаҳо ба “Қонун дар бораи таъмини нафақа“, ки рӯзи 28-уми январ дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид ва расонаӣ шудани нафақаи бузургҳаҷми бархе аз мансабдорон ба мисли Амонулло Ҳукуматулло, собиқ раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба миён омадааст.

Бемори дил, қанд, фишорбаландӣ...

Соима Муҳаббатова -- сардори Шӯъбаи рушди ҳифзи иҷтмоӣ ва кафолатҳои давлатии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд соли охир шумораи мансабдорон ва сокинони одие, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, ба маротиб афзоиш ёфта, танҳо дар чор соли гузашта ба 8 ҳазор нафар расидааст. Ӯ мегӯяд, воқеан, аксари мансабдороне, ки нафақаи маъюбӣ дастрас мекунанд, гирифторибемории дил, қанд ва фишорбаландӣ ҳастанд. Бемориҳое, ки ба гуфтаи ӯ, комилан аз онҳо раҳоӣ ёфтан имкон надорад ва инсон дар ин сурат ҳамчун маъюб эътироф мешавад.

Қонуни нав дастрасӣ ба нафақаи маъюбиро маҳдуд кардааст, зеро ба қавли хонум Муҳаббатова маҳз беҳмадуд дастрас кардани нафақаи маъюбӣ боис шуда буд, ки бо ҳар роҳ сокинон ва мансабдорон барои гирифтани он талош мекарданд: “Нафақаи меҳнатӣ маҳдудият дошт ва ҳадди ниҳоии он 630 сомониро ташкил медод. Аммо нафақаи маъюбӣ чунин маҳдудият надошт, яъне вобаста ба маоши солҳои охир ҳар нафар метавонист, 80 дарсади онро дастрас кунад. Масалан, як мансабадор ду соли охири кориаш 20 ҳазор сомонӣ гирфита бошад, пас он ҳамчун маъюб имкон дошт, ки 18 ҳазор сомонӣ нафақа гирад. Ҳоло қонуни нав инро танзим мекунад.”

Аммо бархе аз коршиносон талоши нафақаи маъюбӣ гирифтани мансабдоронро на ба эҳтиёҷашон ба маблағ, балки онро як навъ гурез аз ҷавобгарии эҳтимолии ҷиноятӣ вобаста медонанд.

Гурез аз ҷавобгарӣ

Ёқуб Низомов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, дар сурати содир кардани ҷиноят ҳамаи афрод ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, вале афроде, ки гирифтори бемории фишорбаландӣ ва дил ҳастанд, то анҷоми табобаташон маҳкум ба зиндон намешаванд.

“Бар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ то анҷоми табобат онҳо дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта намешаванд ва дар беморхонаҳои шаҳрвандӣ табобат мегиранд. Аз мушоҳидаҳо чунин ба назар мерасад, ки ҳамин нозукиро аксар мансабдорон истифода мекунанд. Вақте тафтиши корашон шурӯъ мешавад, онҳо алакай табобатро оғоз мекунанд. Муддате дар озодӣ будан бо баҳонаи табобат онҳо имкони хубтаре барои худсафедкунӣ ва озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятиро доранд”,-шарҳ дод ин ҳуқуқдон.

Султон Валиев

Султон Валиев

Аммо ин иддаоро мансбадороне, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, рад мекунанд. Султон Валиев, собиқ раиси ноҳияи Восеъ, ки ҳанӯз се соли пеш нафақаи маъюбӣ гирифтанаш ошкор шуда буд, мегӯяд, ин иддао ҳеҷ асос надорад. Валиев мегӯяд, ӯ дар пайи як садамаи нақлиётӣ осеби ҷиддии ҷисмонӣ дида буд ва маъюби воқеист.

Раиси собиқи Восеъ... даст кашид

Султон Валиев 12 сол, вақте раисии ноҳияи Ховалинг ва Восеи вилояти Хатлонро бар дӯш дошт, нафақаи маъюбӣ мегирифт, аммо ҳоло мегӯяд, бинобар барқарор кардани саломатиаш аз гирифтани нафақа даст кашидааст.

Бозбинии нафақаи маъюбон ҳанӯз се соли пеш шурӯъ шуда буд. Он замон Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне аз 8 январи соли 2012 ба вазорати тандурустӣ дастур дод, то шароити кору зиндагии маъюбон беҳтар карда шавад. Аз ҷумла, аз ҳисоби танзиму таснифи беҳтари рӯйхати чунин нафақахӯрон. Баъд аз ин, вазорат бо Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат ва «Амонатбонк» рӯйхати маъюбонро баршумурда, ба натиҷае расиданд, ки ин ҳамаро дигарбора аз ташхиси тиббӣ гузаронанд ва маъюбони воқеиву дурӯғинро ҷудо кунанд.

Бори аввал аст, ки нафақаи маъюбӣ гирифтани Амонуллои Ҳукуматулло, собиқ раиси Роҳи Оҳани Тоҷикистон ва Наталя Назаршоева, раиси собиқи раёсати “Тоҷиксодиротбонк” ба миқдори 18 ва 17 ҳазор сомонӣ расонаӣ мешавад.

То кунун нафақаи маъюбӣ гирфитани он мансабдороне ошкор мешаванд, ки аз мансаб рафтаанд. Бар асоси иттилои расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор нафар нафақаи маъюбӣ мегирад, ки аз ин ҳисоб бештар аз ҳазор нафарашонро афроди мансабдор ташкил медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG