Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 146 муҳоҷир дар “Zеленопарк”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – тайи як амалиёти серӯза дар як сохтмон дар шаҳраки Ржавки, воқеъ дар канори шаҳри Зелёногради вилояти Маскав 146 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистонро дастгир кардааст. Ин амалиёт аз 26 то 28 январ идома дошт.

Муҳоҷирони дастгиршуда аз Осиёи Марказӣ дар Ржавки дар сохтмони як маҷтамаъи бузурги фароғативу тиҷории “Zеленопарк” машғули кор будаанд. Дар ин фурӯшгоҳ, ки қарор аст, то моҳи март боз шавад, беш аз 200 мағозаву тарабхона, аз ҷумла брендҳои маъруфе, чун О’Кей», «Декатлон», «М.Видео», «Уютерра» и «Снежная королева» ҷой хоҳанд ёфт.

Намояндаи ФМС гуфт, 146 муҳоҷири дастгиршуда дар ин сохтмони бузург бидуни иҷозати лозим ғайриқонунӣ кор ва дар ҳамин ҷо дар вагонҳо хоб мекарданд. Акнун ба онҳо барои нақзи қоидаҳои кору иқомат дар Русия ҷарима ба маблағи 5000 рубл ва манъи сафар ба ин кишвар ба мӯҳлати 5 сол таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG