Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW:Вазъи ҳуқуқи башар бадтар шудааст


Кеннет Рот
Кеннет Рот

Ҳукумати аксар кишварҳо бо нодида гирифтани ҳуқуқи башар дар муборизаашон бо таҳдидҳои амниятӣ ба иштибоҳи бузург роҳ медиҳанд. Ба ин нукта дар гузориши солонаи дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW) оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар беш аз 90 кишвари олам таъкид шудааст. Гузориш, ки давраи аз поёни соли 2013 то моҳи ноябри соли 2014-ро дарбар мегирад, рӯзи панҷшанбе, 29 январ, нашр шуд.

Раиси иҷроияи HRW Кеннет Рот зимни муаррифи гузориш гуфт, ки соли гузашта басо вазнин буд ва нақзи ҳуқуқи башар дар амиқрафти бӯҳрон дар шарқи Украина ва афзоиши ифротгароии исломӣ нақши бузург дошт.

Ӯ дар робита ба авзоъ дар Русия гуфт, Кремл шурӯъ аз соли 2012 шадидтарин баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъқиби дигарандешон, фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, хабарнигорон ва эътирозгарони осоиштаро роҳандозӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, вокуниши “маҳдуд”-и Ғарб ба ин гуна нақзи ҳуқуқи башар боиси амиқрафти бӯҳрони Украина шуд, зеро он ба мақомоти Русия имкон дод, ки интиқоди ҷомеъа барои аъмолаш дар Украинаро саркӯб кунад.

XS
SM
MD
LG