Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Бо Юнон ҳамкории зич хоҳем дошт


Алексис Сипрас

Алексис Сипрас

ИМА бо ҳукумати нави Юнон ба хотири мусоидат дар комёбшавии ин кишвар ҳамкории зич хоҳад кард. Изҳороти Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбати телефонӣ бо нахуствазири нави Юнон Алексис Сипрас садо дод. Обама ва Ципрас ҳамчунин масоили марбут ба таъмини амният дар Аврупо ва чораҳои муқовимат бо терроризмро баррасӣ карданд.

Ҳукумати чапгарои Юнон, ки баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи ахири парлумонӣ таъсис шуд, коҳиши пардохтҳои иҷтимоӣ ва баъзе ислоҳоти бо талаби сармоягузорони хориҷӣ бар дӯш гирифтаи Афинаро лағв карданист. Сармоягузорони хориҷӣ ба ивази ислоҳоти иқтисодӣ ва коҳиши пардохтҳои иҷтимоии шаҳрвандони Юнон ба ин ин кишвар бастаи чандмиллиардаи кӯмаки молиявиро ваъда карда буданд.

Мавқеи ҳукумати нави Юнон баҳсҳоро дар мавриди аз минтақаи евро хориҷ шудани Юнон ва сарнавишти ояндаи пули ягонаи Аврупо барангехт.

Сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе дар нишасте дар Брюссел дар мавриди қабули таҳримҳои нав алайҳи Русия барои дахолаташ ба умури Украина муваффақ нашуданд, зеро Юнон ба баъзе нуктаҳои санад мухолифат кард. Дафтари Алексис Сипрас қаблан эълом дошт, ки изҳороти нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар бораи муҷозоти Маскав бо Афина ҳамоҳанг нашуда буд. Вазири умури хориҷии Юнон Панайотис Лафазанис мегӯяд, ки кишвараш аз таҳримҳо алайҳи Русия пуштибонӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG