Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Афғонистон дар бораи ҳалокати 15 нафар ба асари ду ҳамлаи афроди мусаллаҳ хабар доданд. Намояндаи ҳукумати вилояти Лағмон гуфт, ки бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар маркази вилоят Меҳтар Лам рӯзи 29 январ чаҳор кас ҷон бохт.

Ба гуфтаи мансабдорони вилояти Ғазнӣ, бар асари ҳамлаи толибон ба як постгоҳ дар мавзеи Андор шоми 28 январ ёздаҳ нафар аз мусаллаҳони пуштибон аз ҳукумат кушта ва шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Муовини волӣ Муҳаммад Алӣ Аҳмад хабар дод, ки дар ин даргирӣ шаш нафар аз ҳамлагарон ба ҳалокат расида, ҳафт тани дигарашон ҷароҳат бардоштаанд.

Намояндаи “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тайид кард, ки ҳамларо мусаллаҳони ин гурӯҳ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG