Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зебуннисо Рустамова, камонвари машҳури тоҷик, қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ 29-уми январ 60-сола шуд.

Комёбиҳои Зебуннисо Рустамова баландтарин қуллаест, ки як бонуи тоҷик дар соҳаи варзиш ба даст овардааст. Рӯзи 28 январ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз хидматҳои Зебуннисо Рустамова дар рушди варзиши тоҷик қадрдонӣ шуд. Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хонум Зебуннисо Рустамова ифтихорнома ва ҷоиза молӣ тақдим кард.

Хабарнигори "Озодӣ" пас аз ин маросим бо Устоди шоистаи варзиши СССР Зебуннисо Рустамова, варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар қарни ХХ, перомуни вазъи имрӯзаи варзиш дар кишвар ва роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳа сӯҳбат орост:

Озодӣ: Хонум Зебуннисо, Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрик гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзумандем.

Рустамова:Ташаккур.

Озодӣ: Ба назари Шумо вазъи имрӯзаи варзишро дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

Рустамова: Ба ин соҳаи муҳим дар Тоҷикистон тайи чанд соли охир, хусусан баъди мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2010 бо варзишгарону кормандони соҳа дар кишвар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои вижаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишварро тасдиқ кардааст, ки дар он вазъи соҳа тайи солҳои истиқлоли Тоҷикистон таҳқиқ гардида, самтҳои асосии рушди варзиш дар мамлакат муайян шудааст. Инчунин таъсиси Ҷоизаҳои президенти Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ варзишгарони моро барои фатҳи қуллаҳои баланди варзиш ҳидоят мекунад.

Зебуннисо Рустамова 29-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами 18-и пойтахти ҷумҳуриро хатм карда, ҳамон сол ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Душанбе дохил шуд. Донишкадаро соли 1976 ба итмом расонид. Инчунин соли 1980 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст. Аз соли 1969 ба камонварӣ шуғл меварзад. Солҳои 1974 – 1987 узви дастаи мунтахаби камонварии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон (1975, шаҳри Интерлакени Швейтсария – қаҳрамони мутлақ дар рақобатҳои инфиродӣ ва соҳиби медали тилло дар ҳисоби даставӣ, 1985, шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ, 1987, шаҳри Сиднейи Австралия), барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976 дар шаҳри Монреали Канада, қаҳрамони секаратаи Аврупо (1976, шаҳри Копенгагени Дания, 1985, шаҳри Измири Туркия, 1986, шаҳри Пориси Фаронса), қаҳрамони 15-каратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ғолиби бисёркаратаи Шӯрои марказии ҷамъияти варзишии «Динамо», қаҳрамони 20-каратаи Тоҷикистон, рекодсмени ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ мебошад. Ҳамчунин дар Бозиҳои «Дружба – 84» дар Чехословакия, ки ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелеси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври алтернативӣ доир гашта буданд, сазовори медали нуқра шуд. Аз соли 1986 то соли 1992 муовини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва аз соли 1992 то соли 1995 раиси ин кумита буд. Ҳамчунин аз соли 1992 то соли 2000-ум вазифаи ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Бо унвонҳои фахрии «Устоди шоистаи варзиши СССР», «Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва ғайра сарфароз шудааст. Феълан дар шаҳри Хуҷанд ба сар мебарад ва раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон мебошад. Соҳиби ду фарзанд ва ду набера аст.

Вале, ба назари ман, вазъи варзиш дар кишвар, бахусус дар деҳот дар сатҳи поин қарор дорад. Хусусан ба варзиш занону духтарони тоҷик кам таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Бори гарони рӯзгор, ташвишҳои ҳамарӯзаи зиндагӣ ба занони мо имкон намедиҳад, ки ба варзиш шуғл варзанд. Зимнан, дар замони шӯравӣ ҳама дар мактаб бо тарбияти бадан машғул мешуданд ва ҳам машқ дар толорҳои варзишӣ ройгон ва барои ҳама дастрас буд. Вале ҳоло чунин нест. Албатта, шавқи варзиш дар мардуми мо решаҳои қадимӣ дорад ва тоҷикон худро аз ихтироъгарони чавгонбозию шоҳмот ва дигар навъҳои варзиши ҷисмонию равонӣ медонанд. Ва иди Наврӯзу Меҳргон бидуни сабқати паҳлавонону аспсаворон ид ҳам шуморида намешуд.

Ҳарчанд варзишгарони кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаҳои мухталифи варзиш ширкат карда, ба як қатор дастовардҳо муваффақ гаштаанд ва миёни онҳо барандагони медалҳои олимпӣ, қаҳрамонони ҷаҳону Осиё низ ҳастанд, вале пас аз пирӯзии гурзандоз Андрей Абдувалиев дар Бозиҳои ХХУ тобистонаи олимпӣ дар Барселонаи Испания тӯли қариб 23 сол ягон нафари дигар ба унвони қаҳрамони олимпӣ даст наёфтааст. Инчунин тӯли 20 соли ахир касе аз Тоҷикистон ба мисли Абдувалиев дар чемпионатҳои ҷаҳон дар навъҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.

Озодӣ: Дар робита ба он ки вазъи имрӯзаи варзиш дар кишвар чандон хуб нест, пас роҳи ҳалли масъала ва беҳбуди соҳаи варзишро ҳамчун як нафар коршинос дар чӣ мебинед?

Рустамова:Рушди варзиш ва ширкати комгори варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти минтақавию ҷаҳонӣ ва Бозиҳои олимпӣ танҳо дар сурати сармоягузории кофии давлат ва соҳибкорон имконпазир мебошад. Пуштибонии молии ҳукумат аз варзиши ҳирфаӣ дар Тоҷикистон дарк карда мешавад, вале ин кофӣ нест ва бояд аз сармоягузориҳои хусусӣ ва мадади соҳибкорон дар баробари коҳиши андоз аз даромади онҳо истифода бурда шавад. Сармоягузории давлат ба варзиш бисёр ночиз аст. Зеро барои офаридани як қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ маблағи зиёд даркор аст. Дарвоқеъ, барои омодагиҳо ва ширкати варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба мисли Амрико ва Чин беш аз 1 млрд доллар, Олмон 750 млн евро, Русия 135 млн доллар масраф мекунанд. Вале Тоҷикистон чунин имкониятро надорад.

Барои рушди варзиш дар ҷумҳурӣ ташкили пойгоҳҳои зарурии таълимию машқӣ, бунёди Маркази омодагии олимпӣ барои аъзои дастаи мунтахаби кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ширкати бомуваффақияти варзишгарони мо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва оммавӣ гардондани варзиш миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ зарур аст. Бояд ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи варзиш ва дар ин замина таъмини дастаҳои мунтахаби кишвар бо мураббиёни соҳибихтисос бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.

Ба андешаи ман ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» баъзе тағйироту иловаҳо бояд ворид кард. Аз ҷумла, ба шахсоне, ки клуб ё бошгоҳи варзишӣ таъсис додаанд, тоҷироне, ки ба соҳаи варзиш кӯмак мекунанд, дар пардохти андоз сабукиҳо дода, ҳамчунин, як боб «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии варзишгарон» бояд илова шавад.

Озодӣ: Зимнан, дар бораи камонварӣ ва вазъи имрӯзаи он дар кишвар чӣ назар доред?

Рустамова: Камонварӣ дар замони шӯравӣ дар ҷумҳуриамон хеле ривоҷ ёфта буд. Дар Тоҷикистон мусобиқоти байналмилалӣ бо ширкати беҳтарин камонварони олам баргузор мешуд. Ҳамчунин онҳо барои машқи худ ҷумҳурии моро интихоб мекарданд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷӯҳ ба камонварӣ дар кишвари мо сол то сол коҳиш ёфт ва солҳои охир ба ин намуд то як андоза аҳамият дода мешавад. Боиси хушнудист, ки камонварони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзанд, вале натиҷаашон чандон хуб нест. Ба андешаи ман барои рушди минбаъдаи ин риштаи олимпии варзиш дар Тоҷикистон таъсис додани мактаби махсуси варзишӣ оид ба камонварӣ ва бунёди машқгоҳи махсуси камонварӣ дар шаҳри Душанбе зарур аст.

Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG