Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизҳо хостори таҳкими марз бо ҳамсояҳо шуданд


Ситоди умумии артиши Қирғизистон мегӯяд, баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон ва густариши фаъолияти тундравҳои Давлати Исломӣ Қирғизистон барои таҳкими марз ва таъмини амнияти он тадбирҳо меандешад.

Дар ин бора Асанбек Алимкоҷоев-раиси ситоди мазкур дар матбуот изҳори ақида кардааст. Вай гуфтааст, барои нагузаштани тундравҳо аз марз артиш фаъолияти ҳамаи ниҳодҳои низомиро ҳамоҳанг хоҳад кард.

Ба гуфтаи Алимкоҷоев, манотиқи марзӣ бо Узбакистону Тоҷикистон бештар осебпазир мебошанд. Ин минтақаҳо солҳои 199-2000 мавриди ҳамлаи терроистони байналмиллалӣ қарор гирифта буданд, ба ин далел Қирғизистон дар ин самт нируҳои худро тақвият хоҳад бахшид.

XS
SM
MD
LG