Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Меркел вазъи Украинаро баррасӣ карданд


Обама ва Меркел (акс аз бойгонӣ)
Обама ва Меркел (акс аз бойгонӣ)

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар сӯҳбати худ гуфтанд, ки “хушунат дар шарқи Украина хеле афзоиш ёфтааст”.

Кохи Сафед гуфт, ки ин ду раҳбар 27 январ, ҳангоме ки Обама аз сафари Ҳиндустон ба Арабистони Саъудӣ бармегашт, телефонӣ бо ҳам сӯҳбат кардаанд.

Ба гуфтаи Кохи Сафед, Обама ва Меркел ба тавофуқ расидаанд, ки Русия барои кӯмак ба ҷудоихоҳон ва иҷро накардани уҳдадориҳои худ табқи созишномаи оташбас бояд масълуият дошта бошад. Онҳо ҳамчунин бастаи кӯмакҳои молӣ ба Украинаро баррасӣ карданд.

Ҳафтаҳои охир ҷудоихоҳон дар имтидоди марз бо Русия як силсила амалиёти таҳоҷумӣ оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG