Пайвандҳои дастрасӣ

Танқиди Шарофзода аз забони тарҷумаи филмҳо


Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз шеваи тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ, нигаронӣ карданд. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 январ зимни нишасти хабарӣ аз шеваи тарҷумаи филмҳо ба забони тоҷикӣ нигаронӣ кард. Вай ба вижа забони филмҳоеро, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд, “даҳшат” хонд. Солҳои охир дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон филмҳои хориҷӣ дар тарҷумаи тоҷикӣ зиёд намоиш дода мешаванд, ки лаҳни гуфтори он барои бисёри аз бинандагон қобили қабул нест. Хонум Шарофзода ҳамчунин ба тарзуламали имтиҳонот дар Маркази миллии тестӣ ишора кард ва гуфт, ки бо вуҷуди доштани муродиф, бисёре аз калимаҳо ва вожаҳои ғайритоҷикӣ истифода мекунанд. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон аз чанд сол пеш таъсис шуда ва ҳадафи он, назорат бар поку беолоиш нигаҳ доштани забони давлатӣ дар ҷомеа мебошад.

XS
SM
MD
LG