Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши истифода аз мобилу Интернет


Татяна Холмуродова
Татяна Холмуродова

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди истифодабарандагони телефонҳои мобил дар муқоиса ба як соли қабл 300 ҳазор нафар афзудааст. Татяна Холмуродова, ноиби раиси Хадамоти алоқа, ки дар нишасти хабарии 28 январ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳоло теъдоди истифодабарандагони телефонҳои мобил ба 6 миллиону 400 ҳазор нафар расидааст.

Холмуродова дар идома аз афзоиши теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон ҳам сухан гуфт. Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир теъдоди истифодабарандагони интернет ба 3 миллиону 800 ҳазор нафар баробар будааст.

Дар ин нишасти хабарӣ масъулони Хадамоти алоқа чанд бор бидуни огоҳӣ масдуд шудани Ютуб, шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе аз торнамоҳои хабариро аз тарафи онҳо рад карданд. Татяна Холмуродова гуфт, онҳо тарафдори рушди озодии баёнанд, вале бисёр мехоҳанд фарҳангу одоби истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҷорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG