Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи нави Саудӣ


Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи нави Арабистони Саудӣ
Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи нави Арабистони Саудӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як паём ба унвони Салмон ибни Абдулазиз ӯро ба муносибати байъат ба унвони подшоҳи Арабистони Саудӣ табрик кардааст.

Дар паёми оқои Раҳмон, ки 28 январ ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст: "Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳони онам, ки Шуморо дар хидмати Ҳарамайни Шарифайнаш муваффақ намояд, қадамҳои Шуморо дар ҷодаи роҳбарӣ ба мардуми бародари Шоҳигарӣ ҷиҳати дастёбӣ ба пешрафту шукуфоии бештари кишвар, ҳаллу фасли пирӯзмандонаи масоили Уммати исломӣ ва орзуҳову ормонҳои он устувор гардонад."

Дар ин нома изҳори умед шудааст, ки равобит миёни ин ду кишвар дар оянда таҳким хоҳад ёфт ва Тоҷикистон ҷонибдори идомаи раванди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ду кишвар мебошад.

Малик Абдуллоҳ -- подшоҳи 90-солаи Арабистони Саудӣ, ки охирҳои соли гузашта дар бемористоне дар Риёз бистарӣ гардид, рӯзи 23 январ даргузашт ва бародари ӯ - Салмон ибни Абдулазизи 79-сола ҷойгузини ӯ шуд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соли 1932 аз тарафи Абдулазиз ал-Сауд таъсис ёфтааст. Низоми меросиро ӯ ба гунае муайян кард, ки тахт аз писари калонӣ ба писарони хурдӣ интиқол меёбад.

XS
SM
MD
LG