Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада Русияро "ишғолгар" номид


Парлумони Украина рӯзи сешанбе, 27 январ, изҳоротеро пазируфт, ки дар он Русия давлати таҷовузгар эълон шудааст. Вакилони Верховная Рада умедворанд, ки бо қабули ин санад роҳ барои аз роҳи қавонини байнулмилалӣ муҷозот кардани Русия ҳамвор мешавад. Парлумони Украина ҳамчунин ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанскро “созмонҳои террористӣ” эълон кард ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостори кӯмаки иловагии низомӣ ва эъмоли таҳримҳои шадидтар болои Русия шуд.

Муовини вазири умури хориҷии Русия Григорий Карасин изҳороти Киевро “бемасъулиятона” номид ва гуфт, ки ҳадаф аз он – ҷилавгирӣ аз талошҳои барои хатми ҷанг дар шарқи Украина аст, ки дар он шурӯъ аз моҳи апрели соли гузашта беш аз 5 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Аз ин пеш раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз вазирони умури хориҷии кишварҳои худ хостанд, ки чораҳои ҷавобӣ, аз ҷумла, имкони таҳримҳои нав алайҳи Русия, дар посух ба ташдиди авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ кунанд. Қарор аст, ки нишасти вазири умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29 январ дар Брюссел баргузор шавад.

Дар изҳороти муштараки нахуствазирони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, ба далелҳои зиёди кӯмаки Маскав ба ҷудохоҳони Донбасс ишора шудааст. Сарони Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз Русия даъват карданд, ки амалҳои ҷудоихоҳонро маҳкум кунад ва ба иҷрои шартҳои созиши Минск оид ба оташбас арҷ гузорад.

Созиши оташбас миёни Киев ва ҷудоихоҳон моҳи сентябри соли гузашта ҳосил шуда буд ва аммо охири ҳафтаи гузашта халалдор шуд.

XS
SM
MD
LG