Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамолиддин Рустамов -- корманди Шӯъбаи кадрҳои додситонии шаҳри Душанбе аз тарафи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ӯ барои талаби 21 ҳазори доллар дар ивази ҷудо кардани қитъаи замин ба як сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ муттаҳам мешавад.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷамолиддин Рустамов ҳафтаи гузашта барои фирор накардан аз тафтишот ба ҳабс гирифта шуда, ҳоло дар тавқифгоҳи Оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Оҷонсӣ мегӯяд, Ҷамолиддин Рустамов дар ивази 7 сотих замини ширкати "Мармар" ба сокини ноҳияи Рудакӣ - Неъмонов Д.И. дар ибтидо аз вай 10 ҳазор доллар гирифтааст. “Сипас, корманди Додситонии шаҳри Душанбе ваъда медиҳад, баъди анҷоми сохтмони манзил ва пардохти 11 ҳазор доллар ҳуҷҷатҳои хонаи навашро хоҳад гирифт”,-омадааст дар иттилоияи Оҷонсӣ.

Ҳоло бар асоси моддаи 247, қисми 4 (барои қаллобӣ аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ) алайҳи Ҷамолиддин Рустамов парванда боз шудааст. Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, инчунин, ба муқобили Рустамов барои бунёди ғайриқонунии манзил дар ҳудуди 4 сотих замини ширкати “Мармар” парвандаи дигар боз шудааст.

XS
SM
MD
LG