Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шарқи Украина тайи шабонарӯзи гузашта нӯҳ сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ кушта ва 29 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора сухангӯи Ситоди кулли артиши Украина Владислав Селезнев рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Киев иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар набардҳо даҳ тан аз ҷудоихоҳон низ ба ҳалокат расидаанд. Владислав Селезнев афзуд, ки айни ҳол даргириҳо дар канори шаҳри стратегии Дебалтсево, воқеъ дар дуроҳаи байни вилоятҳои Донетск ва Луҳанск, идома доранд.

Даргириҳо миёни нерӯҳои украинӣ ва ҷудоихоҳон дар шарқи Украина як ҳафта пеш шиддат гирифтанд. Ду рӯз пеш бар асари мушакандозӣ ба шаҳри бандарии Мариуполи вилояти Донетск 30 нафар ҷон бохтанд. Муовини Дабири кулли Созмони Милал Ҷефрӣ Фелтман дар нишасти махсуси Шӯрои амнияти СММ изҳор намуд, ки ҳамла ба Мариуполро метавон чун ҷинояти низомӣ арзёбӣ кард. Ӯ бо такя ба коршиносони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гуфт, ки мушакандозӣ аз қаламрави таҳти назорати ҷудоихоҳони рустабор сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG