Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

27 январ - Рӯзи байнулмилалии ёди қурбониёни Ҳолокост аст. Ҳафтод сол пеш дар ҳамин рӯз нерӯҳои шӯравӣ маҳбусони лагери Аушвиц ё Освенсим, воқеъ дар қаламрави Лаҳистонро аз дасти фашистони олмонӣ озод карданд.

Қарор аст, ки чорабиниҳои асосии марбут ба ин рӯз дар нимаи дуввуми 27 январ дар назди дарвозаҳои асосии Освенсим баргузор шаванд. Дар онҳо тақрибан 300 тан аз маҳбусон, пеш аз ҳама аз Лаҳистону Исроил ширкат хоҳанд кард. Қарор аст, ки дар маросими ёдбуд намояндагони 42 кишвари олам, ду шоҳ, чаҳор шоҳзода, президентҳои Лаҳистон, Олмон, Фаронса ва Украина ширкат кунанд. Дар маросим ҳайати амрикоӣ дар садри вазири молия Ҷек Лю ва ҳайати Маскав дар раъси раҳбари дафтари раёсатҷуиҳурӣ Сергей Иванов ширкат хоҳанд кард.

Маросимҳо бахшида ба 70-солагии озодшавии Освенсим дар Чехия ҳам баргузор хоҳанд шуд. Дар шаҳри Прага ва баъдан дар мавзеи Терезина, ки замони ҷанги дуввуми ҷаҳон он ҷо бузургтарин дар Чехословакияи собиқ конслагер мустақар буд, ёди қурбониёни Ҳолокост мекунанд. Рӯзи сешанбе дар Праге форуми байнулмилалие ифтитоҳ шуд, ки дар он мавзӯи афзоиши яҳудиситезӣ ва ифротгароӣ дар ҷаҳон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG