Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неши "фарсуда"-и карикатураи тоҷик


Қазияи маҷаллаи фаронсавии "Шарлӣ Эбдо" суолҳоеро дар зеҳнҳо халқ кард, ки вазъу ҷойгоҳи карикатура дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва марзи озодии баён барои рассомони танзнигори тоҷик дар куҷо хатм мешавад?

"Аслан ин даҳшат аст, ман ҳеҷ тасаввур карда наметавонам, ки баъд аз чанд сол чӣ мешавад". Садриддин Ёров, сардабири ягона ва кӯҳантарин дар Тоҷикистон маҷаллаи ҳаҷвии "Хорпуштак" мегӯяд, солҳои ахир барои ҳар тасвире, ки дар масоили дину ойин нашр мешавад, ба ҳассосияти бемисли бархе аз шаҳрвандон рӯ ба рӯ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш вазъ дигар буд ва мардум ҳадди аққал вонамуд мекарданд, ки ин ё он карикатураро надидаанд.

"СУРОҒАИ УБАЙДИ ЗОКОНӢ КУҶОСТ?"

Садриддин Ёров меафзояд, барои нашри ин гуна тасвирҳои танзомез кормандони “Хорпуштак” таҳдид ҳам мешаванд. “Дар маҷаллаи мо расме чоп шуд, ки ду низомипӯш дари масҷидро канда бо худ мебаранд.Имом-хатиб аз онҳо мепурсад, ки “Дарро барои чӣ мебаред? Барои таъмир?” Аммо яке аз низомипӯшҳо мегӯяд, ки “не, шабона дари бӯстонсарои “шеф”-и моро дуздидаанд. Фақат ба Худованд маълум аст, ки дарро кӣ дузидааст. Худованд дари бӯстонсарои “шеф”-и моро баргардонад, пас мо ҳам дари хонаи ӯро дар ҷояш мегузорем”. Баъд аз нашри карикатура ба мо занг заданд ва таҳдидҳое карданд. Мо ба яке аз “таҳқиршудаҳо” шӯхиомез гуфтем, ки “расм аз рӯи латифаи Убайди Зоконӣ таҳия шудааст, аз ин рӯ ба ӯ шикоят кунед!” Аз он тарафи гӯшӣ талаб карданд, ки фавран суроғаи Убайди Зокониро барояшон диҳем. Гуфтем, ки “ба суроғаи Убайди Зоконӣ рафта наметавонед, зеро ӯ дар асри 15 зиндагӣ кардааст...”

Баъд аз ҳаводиси Порис ҳам, ба гуфтаи Садриддин Ёров, зане телефон карда аз як расми муқоваи “Хорпуштак” изҳори норозигӣ кард. “Дар он расм муллое тасвир шуда буд, ки аз манора азон мегӯяд, дар атроф бошад, фақат биноҳои навбунёданд. Яке аз коргарон ба мулло мегӯяд, ки “Эй, бародар, ту киро ба намоз даъват мекунӣ? Мардум ҳоло ба ин хонаҳо накӯчидаанд”. Аммо ин тасвири танзомез ба он зан сахт расида будааст, ки бо ғазаб мегуфт “шумо маънои азонро намефаҳед”, ва “магар одами мӯъмину мусалмон муллоро ҳамин хел масхара мекунад?”., мегӯяд сардабири "Хорпуштак"

Дар “Хорпуштак”-и замони шӯравӣ ва дар “Крокодил”, ки маҷаллаи рақами яки ҳаҷвии он айём буд ва моҳе бо теъдоди 6 миллион нусха нашр мешуд, нашри тасвирҳои танзомез дар бораи ҳизбу Бюрои Сиёсӣ ва карикатураҳои шаҳвонӣ “табу” буд, вале рӯҳониёни ҳама динҳо – насрониву мусалмониу яҳудӣ пайваста ҳаҷв мешуданд. Рассомони “Хорпуштак” солҳои 70-ум силсилаи махсуси атеистиро нашр карда ва онро дар мактабу донишгоҳ ва корхонаву муассисаҳо паҳн карда буданд. Бархе аз он карикатураҳо “Аз ифтор то ифтор”, “Сари синаатро кушо, ки даму нафасам фоида кунад”, “Рӯза - қулфи даҳон” то ҳанӯз дар ёдҳо мондаанд.

Саид Аҳмадов
Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки айёми шӯравӣ мардум ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин гуна карикатураҳо вокуниши манфӣ намекарданд, зеро он карикатураҳо созгор бо идеологияи замон буданд.Ба гуфтаи ӯ, “шояд баъзеҳо замони шӯравӣ ҳам ба нашри карикатураҳо зиддидинӣ ҳассосият доштанд, вале онҳо аз имкони изҳори назар маҳрум буданд”.Ҳассосияти мардум, аз нигоҳи пажуҳишгар, бо афзоиши эътиқоди мардум ва озод шудани муҳити диндорӣ бастагӣ дорад. “Давлат ҳам баъд аз дарёфти истиқлол динро на “афъюни халқ”, балки сарвати маънавии мардум мехонад ва барои эътиқодмандон имкони изҳори назарро фароҳам кардааст”, меафзояд Саид Аҳмадов. Аз сӯи дигар, мегӯяд ӯ, дар олам исломситезӣ тезутунд шудааст ва “аз ин рӯ танзу таҳқири дин ё намояндагони он ба гунае қабул мешавад, ки гӯё ба мардум ва ба эътиқоди мардум ҳамла шудаааст”. “Дар ҷомеъаи демократӣ ва либералӣ масъалаи нашри карикатура он қадар мудҳиш нест, ки боиси хушунат ва ҳатто одамкӯшӣ шавад. Ҳар кас ақидаашро дар шакли дилхоҳ баён мекунад, рассомон ҳатто масеҳиятрову Исои Масеҳро ҳам ҳаҷв мекунанд, нашри тасвирҳои раҳбарони кишварҳову ҳизбҳои ҳоким ҳам як амри маъмулӣ аст, зеро муҳит озоду демократӣ аст. Аммо дар ҷомеъаҳои сирф динӣ ва сатҳи диндориву таассуби динӣ воло мардум карикатураҳоро ба дил наздик мегиранду эҳсоси мазҳабии худро таҳқиршуда мехонанд ва барои дифоъ аз ин эҳсосот ҷонбозӣ мекунанд”.

БУБИН ТАФОВУТИ РОҲ АЗ КУҶО ТО БА КУҶОСТ...

Мусоҳибони мо мегӯянд, карикатура санъати вижаест, ки на фақат ҳунари волои рассомӣ, балки табъи баланду дарки ғайриинтизори мавзӯъро талаб дорад. Аз сӯи дигар, карикатура нерӯмандтарин силоҳи ҳар нашрия аст. Одамоне ҳастанд, ки ба ҷуз хандаи атрофиён дигар аз чизе ҳарос надоранд ва ҳатто карикатураи хело нарм метавонад онҳоро аз худ бегона кунад. Гуфта мешавад, ки хонанда метавонад матлаби рӯзномаро то охир мутолиа накунад, аммо тасвири танзомез фавран дар зеҳнаш боқӣ мемонад.

Аз силоҳи карикатура афроди гуногун истифода мекунанд ва на фақат душманони ислом. Чанд сол пеш дар Эрон намоишгоҳи байнулмилалии карикатура ба Ҳолокост баргузор шуда буд. Хайрулло Давлатов, саррассоми маҷаллаи “Хорпуштак” ва аз карикатуристҳои ангуштшумори тоҷик мегӯяд, ки кас бояд худ дарк кунад, ки марзи озодии баён дар куҷо хатм мешавад. "Мо, алҳамдуллилоҳ, мусалмонем ва ҳеҷ гоҳ ба иззати нафси як мусалмон ё як насрониву яҳудӣ намерасем".

Сергей Репёв, рассоми маҷаллаи “Крокодил”, бо ишора ба фоҷиа дар идораи маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” мегӯяд, ки аз марги рассомон мутаассиф аст, вале “рассомони фаронсавӣ ҳама корро карданд, ки саранҷомашон ин гуна бошад”. Ӯ дар як сӯҳбат дар Хонаи рӯзноманигорони Маскав гуфт, агар дар “Шарлӣ Эбдо” кор мекард, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин “тавтеъа” ҳамроҳ намешуд. Рассоми маъруф афзуд, “тавҳини дин, аз нигоҳи ман, аблаҳист, метавон, бигирем, фанатикҳои мазҳабиро карикатура кард, ки таълимоти диниро таҳриф ё барои нобудсозии одамон даъват мекунанд. Аммо масхара кардани муқаддасот ваё шахсиятҳое, ки садҳо миллионҳо нафар пеши онҳо саҷда мекунанд, ин – убур аз ҳама марзҳост...”

Фаррух Аҳроров
Фаррух Аҳроров

Шояд ба ҳамин далелҳо, ба гуфтаи Садриддин Ёров, дар Тоҷикистон карикатураи сиёсӣ “тухми анқо” шудааст. Сардабири "Хорпуштак" тайид мекунад, ки карикатураи сиёсӣ тақрибан аз байн рафтааст ва ҳоло рассомони танзнигор бештар рӯи масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ тамаркӯз мекунанд.

Зимнан, ба гуфтаи дигар мусоҳибони мо, карикатураи раҳбарони давлат ваё хонаводаи раисиҷумҳурро аҳён-аҳён фақат дар расонаҳои мухолифини берун аз кишвар метавон вохӯрд.

Хайрулло Давлатов мегӯяд, ки кам будани тасвирҳои танзомези сиёсӣ бо заъиф будани сатҳи донишу дарки тамошобини тоҷик бастагӣ дорад - чун бештари онҳо аз сиёсат дур шудаанд, “ҳаҷвро аз масхара фарқ намекунанд”. Аз ин рӯ, иқрор мекунад Хайрулло Давлатов, тасвирҳои ахири ӯ ҳам фақат дар мавзӯъҳои иҷтимоиянд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, карикатура кори фойидаовар нест, ҳоло “баннерчоп” ва “фотошоп” мӯд шудаанд ва меҳнати дастӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодааст.

БЕ МУРАББӢ ЗЕРИ ГАРДУН МӮЪТАБАР НАТВОН ШУДАН

Фаррух Аҳроров, рассрми танзнигори муқими шаҳри Хуҷанд ҳам, аз он дар ташвиш аст, ки санъати карикатура дар Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Ӯ бо таассуф мегӯяд, ки дар Тоҷикистон мактаби омӯзиши санъати карикатура вуҷуд надорад, “бояд ҳадди аққал шӯъбаи махсус дар донишгоҳҳои рассомиву ҳунарӣ таъсис шаванд, зеро дар карикатура аз тариқи худомӯзӣ устод шудан хело мушкил аст”.

Солҳои пеш дар Тоҷикистон карикатуристҳо зиёд буданд, ба ҷуз, аз маҷаллаи “Хорпуштак”, ки дар он рассомоне чун Краснополский, Гейвандов, Белан, Серебрянкий, Кондрашов, Расулов, Сафоев кор мекарданд, ҳар рӯзномаву маҷалла ҳам рассому карикатуристи худро дошт. Вале ҳоло аксари рӯзномаҳо карикатураҳоеро аз интернет гирифта чоп мекунанд ва ба гуфтаи Фаррух Аҳроров, “на аз муаллиф иҷоза мепурсанд ва аз сомонаи интернетӣ”. Ва, албатта, як далелаш набудани рассоми танзнигор ҳам ҳаст,

Карикатураи "Демократия"
Карикатураи "Демократия"

Зимнан, се сол пеш Фаррух Аҳроров дар бахши “Демократия”-и озмуни байнулмилалии карикатураи Маркази байнулмилалии соҳибкории инфиродӣ ё Center for International Private Enterprise (CIPE),мақараш дар Вошингтон, ба дарёфти ҷоизаи дуввум муваффақ шуд. Дар ин озмун рассомони касбӣ аз 73 кишвари олам бо беш аз ҳазор офаридаи худ ширкат доштанд. Аз миёни онҳо 30 карикатура - даҳ тасвирӣ дар бахшҳои “Демократия”, “Фасод” “Баробарии ҷинсӣ” ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бахши “Демократия” ҷойи аввал насиби Тайфун Ҳидоятуллоҳ аз Индонезӣ гардид ва Фаррух ба дарёфти мақоми дуввум даст ёфт. Фаррух Аҳроров мегӯяд, ки баъд аз пирӯзӣ дар он озмуни байнулмилалӣ ҳам ягон нашрия аз ӯ дархости ҳамкорӣ накардааст.

Рассоми тоҷик меафзояд, ки ҳоло мехоҳад ба хотири “наҷот”-и санъати карикатураи тоҷик сомонаи вижаи интернетиеро роҳандозӣ кунад. Вале, аз нигоҳи ӯ, ба ин кор дар танҳоӣ муваффақъ шудан ғайримумкин аст, зеро “тамошобинон карикатураҳоро як рӯз-ду рӯз мебинад ва агар чизи наве набошад, дигар ба он сомона ворид намешавад”. Албатта, метавон сомонае таъсис дод, ки дар ба ҷуз карикатура, ҳикояву танзу фелетону латифаҳо ҳам бошанд, аммо барои ин бояд муаллифони зиёди боистеъдодро ҷамъ овард. “Аммо мушкили асосӣ ҳам ин аст - ёфтани муаллифони боистеъдод”, - таъкид мекунад рассоми тоҷик.

XS
SM
MD
LG