Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – дар финали Ҷоми Осиё


Мунтахаби миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ аввалин шуда ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 роҳ ёфт.

Мунтахаби миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ, ки рӯзи 26-уми январ дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Осиё дар Австралия бар тими Ироқ бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард, аввалин шуда ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 роҳ ёфт.

Кореяи Ҷанубӣ — Ироқ - 2:0

Голҳо: Ли Чжон Хеп, 20, Ким Ен Гвон, 50

Кореяи Ҷанубӣ: Ким Чжин Хен — Ча Ду Ри, Квак Таэ Хви, Ким Ен Гвон, Ким Чжин Су — Пак Чжу Хо, Ки Сун Ен (Ан Гук Ен, 90+3) — Сон Хин Мин, Таэ Хи Нам (Чжан Хен Су, 81), Ан Ге Вон (Ли Гин Хо, 46) — Ли Чжон Хеп.

Ироқ: Ҳасан — Салим, Халаф, Шокир, Довуд — Абдуламир, Рашид (Комил, 64) — Калаф, Абдул-Заҳра (Ҳусейн, 77), Ясин (Аднан, 63) — Маҳмуд.

Огоҳонида шуданд: Ки Сун Ен, Пак Чжу Хо, Ким Чжин Су.

Рақиби Кореяи Ҷанубӣ дар финал имрӯз, 27-уми январ, дар бозии ниманиҳоӣ байни дастаҳои Австралия ва Имороти Муттаҳидаи Араб маълум мешавад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Ҷопон, барандаи феълии Ҷоми Осиё, аз ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ маҳрум гашт. Футболбозони Ҷопон дар бозии ниманиҳоӣ аз мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ ва изофӣ – 1:1) шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG