Пайвандҳои дастрасӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар Душанбе бо Чун Мон Гу - раҳбари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ, мулоқот кард.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), рӯзи 26-уми январ дар Душанбе бо Чун Мон Гу, раҳбари Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ (АФКҶ) мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар ҷараёни ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи созмонҳои футболи ҳарду кишвар баррасӣ шуд. Рустами Эмомалӣ иброз дошт, ҷониби Тоҷикистон ба масъалаҳои табодули таҷриба бо ҳамкасбони кореягиашон дар чунин самтҳо, ба монанди маркетинг, равобити байналмилалӣ, маълумоти мураббигӣ, футболи кӯдакону наврасон ва ғайра завқманд аст.

Дар навбати худ Чун Мон Гу зикр намуд, Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ барои ҳамкорӣ омода аст ва ҳамкасбони тоҷики худро дастгирӣ мекунад.

Рустами Эмомалӣ ҳамтои худро ба муносибати ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015, ки имрӯзҳо дар Австралия ҷараён дорад, роҳ ёфтани мунтахаби миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ табрик кард.

"Мунтахаби шумо дар майдонҳои футболи Австралия бозии олӣ нишон медиҳад. Имрӯз футболбозони шумо бар мунтахаби Ироқ пирӯз шуда, ба финал баромаданд. Аз таҳти дил ба мунтахаби шумо дар Ҷоми Осиё пирӯзӣ таманно дорам",-гуфт Рустами Эмомалӣ.

Чун Мон Гу аз пазироии хуши мизбонон изҳори сипос карда, гуфт, "ман бори аввал ба Тоҷикистон омадаам. Мо омодаем, ки ба федератсияи шумо дар масъалаҳои таълими мутахассисон кумак кунем. Дар оянда мо вохӯриҳои пайвастаро дар сатҳи коршиносон, инчунин баргузории семинарҳои мураббиён ва бозиҳои дӯстонаи байналмилалиро байни дастаҳои мунтахаби сину соли мухталифи ҳарду кишвар ба нақша мегирем."

Дар ин мулоқот Хуршед Мирзоев, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ, Ким Дон Дае, ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Кореяи Ҷанубӣ ва Син Сун Хо, ёвари президенти АФКҶ, ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG