Пайвандҳои дастрасӣ

Кубониро аз дасти ҷангҷӯён озод карданд


Нерӯҳои курд дар Ироқ бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико ва ҳампаймонҳояш баъд аз чаҳор моҳи ҷанг шаҳри Кубонии Сурияро аз дасти ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ озод карданд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Бритониё қарор дорад ва мақомоти курд рӯзи 26-уми январ гуфтанд, ки тундгароёни исломиро аз шаҳри Кубонии воқеъ дар марзи Сурия ронданд. Ба гуфтаи Абдул Раҳмон, раиси созмони нозири ҳуқуқи башар, нерӯҳои пешмаргаи курд, “баъзе аз ҷангҷӯёни созмони Давлати исломиро дар канораҳои шаҳри Кубонӣ таъқиб мекунанд, вале ҷанг дар маркази шаҳри вайронгашта тамом шудааст. Шаҳри Кубонӣ ба як рамзи мубориза бар зидди созмони Давлати исломӣ табдил шуд, ки тобистони соли гузашта бахшҳои бузурги Ироқу Сурияро ишғол кард.

XS
SM
MD
LG