Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳорумин солгарди қиёмҳои мардумӣ дар Миср ба хунрезӣ олуда шуд ва 15 нафар ҷон доданд. Ба гузориши расонаҳои давлатӣ, дар задухӯрди байни тазоҳургарон ва маъмурони пулис дар рӯзи 25-уми январ 9 нафар ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ба гуфтаи вазорати умури дохилии Миср, дар даргирӣ миёни маъмурони пулис ва тазоҳургарони исломгаро дар як маҳаллаи шимолии Қоҳира, як афсари пулис аз тири тазоҳургарон ба ҳалокат расид.

Рӯзи 25-уми январ маъмурони пулис садҳо тазоҳургарро, ки ба самти майдони Таҳрир, маркази қиёмҳои мардумӣ ҳаракат доштанд, бераҳмона пароканда карданд. Дар пайи ин қиёмҳо дар соли 2014 ҳукумати Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср суқут кард.

XS
SM
MD
LG