Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Ғоиб: "Низомхон аз пеши Додгоҳи олӣ гум шуд"


Низомхон Ҷӯраев

Низомхон Ҷӯраев

Масъулони Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар нишасти хабарии 26 январ ба қазияи “ғайб” задани Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини корхонаи кимиёи Исфара, низ дахл карданд ва Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, онҳо дар нопадид шудани ӯ даст надоранд. Вай афзуд, дар бораи дар куҷо будани Низомхон Ҷӯраев ҳам чизе намедонанд, вале ӯ расман таҳти пайгарди Интерпол аст.

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсӣ, илова кард, “Низомхон дар ҳабс набуд, балки ҳаққи берунравӣ аз маҳалли иқоматашро надошт. Мо ӯро ёфта, даъват кардем ва ба ӯ даъватномаи додгоҳро додем. Вай вақте бо корманди суд ба пеши бинои Додгоҳи олӣ меравад, аз ҳамон ҷо ғайб мезанад.”

Раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ гуфт, ҳоло Низомхон Ҷӯраев бар асоси маводи Додгоҳи олӣ дар ҷустуҷӯст. Зеро, ба қавли ӯ, онҳо тамоми маводи марбут ба Ҷӯраевро тафтиш карда, онро дар ихтиёри додгоҳ супурда буданд. “Бо ин ҳол, бетараф нестем. Ӯро меҷӯем”,-хулоса кард Абдуфаттоҳи Ғоиб.

XS
SM
MD
LG