Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз бозии ниманиҳоӣ маҳрум шуд


Дастаҳои Ироқу Эрон
Дастаҳои Ироқу Эрон

Дастаи мунтахаби футболи Ироқ дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми қаҳрамонии Осиё ширкат хоҳад кард. Дар ин бора Конфедератсияи футболи Осиё 25 январ тасмими худро эълон кард.

Эрон бар зидди дастаи Ироқ ба ин конфедаратсия шикоят бурд, ки бозӣ мунсифона анҷом нагирифтааст. Вале конфедедератсия ин шикояти Эронро беасос хонд.

Дастаи Ироқ дастаи Эронро дар бозии чаҳорякниҳоӣ дар силсилаи зарбаҳо аз масофаи ёздаҳ метр 23 январ дар шаҳри Канберра шикаст дод. Вале Эрон барои бозбинии натиҷаҳои ин бозӣ шикоят бурд.

Шикояти Эрон ин буд, ки бояд Аъло Абдулзаҳро- ниммуҳофизатгари дастаи Ироқ ба бозӣ роҳ дода намешуд, зеро вай соли гузашта барои бозӣ дар як дастаи эронӣ барои санҷиши долпинг роҳ дода нашуда буд. Вале Кумитаи ахлоқи конфедератсияи мазкур баъд аз санҷиш эълон кард, ки шикояти Эрон асос надорад.

Акнун Ироқ 26 январ бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ дар даври ниманиҳоӣ бозӣ мекунад. Ироқ соли 2007 Ҷоми қаҳрамонии Осиёро ба даст оварда буд. Он вақт дар даври ниҳоӣ ҳамин дастаи Кореяи Ҷанубиро шикаст дода буд.

XS
SM
MD
LG