Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар наздикии Кобул таркише рух дод


Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки як мошини борбар дар наздикии шаҳри Кобул таркидааст ва дар он ду нафар маҷруҳ шудаанд. Фарид Афзалӣ-раиси бахши бозрасии пулиси Кобул 25 январ гуфт, ки ин мошин талош кардааст ба Кобул ворид шавад, вале “пулис онро шиносоӣ кардааст ва аз вуруди он пешгирӣ намудаанд”.

Фарид гуфтааст, ки ин мошин дар назди маркази газдиҳӣ таркидаст, вале дар бораи талафот маълумот надодааст. Муҳаммад Аюб Солангӣ-иҷрокунандаи мақоми вазири дохила дар сафҳаи Twitter-и худ навиштааст, ки ду нафар дар ин таркиш маҷрӯҳ шудаанд ва ин ҳодиса дар назидикии фурудгоҳи низомии Кобул сурат гирифтааст.

Нируҳои НАТО ин таркишро таъйид кардаанд.

XS
SM
MD
LG