Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ аз Нигерия боздид мекунад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 25 январ вориди Нигерия шуд, то масъалаи гурӯҳҳои тундрави исломиро баррасӣ кунад. Вай бо раҳбарони ин кишвар дар бораи гурӯҳи тундрави Боко Ҳаром, ки аз чанд сол ба ин сӯ дар Нигерия маъракаи террорро пеш мебарад ва акнун чунин аъмолро дар кишварҳои ҳамсоя низ анҷом медиҳад, музокира мекунад.

Ин боздиди Ҷон Керрӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии 14 феврали Нигерия сурат мегирад. Вашингтон нигарон аст, ки ин гуруҳи террорист дар кишварҳои дигари минтақа низ нуфуз пайдо мекунад.

Гурӯҳи Боко Ҳаром масъулияти қатли ҳазорон нафар ва бомбборон кардани маҳаллоти шаҳр ва анҷоми амалиёти ба асорат даровардани аҳолии деҳот ва қатли онҳо ва ё ба ғуломӣ фурӯхтани онҳоро бар душ дорад.

Дар остонаи боздиди Ҷон Керрӣ тундравҳои эҳтимолии Боко Ҳаром субҳи 25 январ ба Майдугурӣ-яке аз шаҳрҳои асосии Нигерия дар шимоли шарқ ҳамларо оғоз кардаанд.

Маъмулан ҳукумати Амрико дипломатҳои баландпояи худро ба кишварҳое, ки интихоботи сартосарӣ баргузор мекунанд, намефиристад.

XS
SM
MD
LG