Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушакборони Мариупол аз тарафи ҷудоихоҳон


Мариупол, 24 январ

Мариупол, 24 январ

Мақомоти Украина мегӯянд, ки 24 январ дар шаҳри Мариупол ҳангоми ҳамлаи ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия аз мушакандозҳои Град 30 нафар шаҳрвандон кушта ва 97 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин шаҳри бандарӣ дар ҷануби шарқи Украина дар контроли нируҳои ҳукуматии Украина қарор дорад. Дар ин ҳамлаҳо ҷудоихоҳон бозори пуродам ва биноҳои зистро мушакборон карданд.

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ин ҳамлаҳоро “ҷинояти зидди башарӣ” номид ва гуфт, ки вай боздидаш аз Арабистони Саъудиро қатъ мекунад ва ба Украина бармегардад. Намояндагии САҲА дар Украина дар изҳороте “мушакборони Мариуполро ҳамлаи бемулоҳиза ва шармовару нангин” арзёбӣ кардааст.

Баъд аз ин ҳамла Александр Захарченко-раҳбари ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина ба хабаргузории “РИА Новости”-и Русия гуфт, ки ҷудоихоҳон 24 январ дар Мариупол амалиёти таҳоҷумии худро оғоз кардаанд.

Захарченко 23 январ гуфта буд, ки ҷудоихоҳон дар ин муноқишаи 9-моҳа, ки дар он бештар аз 5 000 нафар қурбон шудаанд, “дар бораи оташбас талоше барои музокира нахоҳанд кард”.

XS
SM
MD
LG