Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷудоихоҳон ба Мариупол ҳамларо оғоз карданд


Мариупол, 24 январ

Мариупол, 24 январ

Вазорати корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ки 24 январ дастикам 20 нафар шаҳрвандон кушта, 86 нафари дигар дар Мариупол-шаҳри ҷунубӣ-шарқии ин кишвар захмӣ шудаанд. Ин шаҳр дар назорати нируҳои ҳукуматии Украина қарор дорад ва ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ба он аз мушакандозҳо оташ кушодаанд.

Дафтари шаҳрдории Мариупол мегӯяд, ки ҳамла ба бозори пуродам сурат гирифтааст ва як бинои дигар низ дар маҳалли аҳолинишини Мариупол оташ гирифтааст.

Дар бораи пешрафти нируҳои ҷудоихоҳ дар бандари Баҳри Азов гузориш дода намешавад. Ин бандар дар байни минтақаи зери контроли ҷудоихоҳон ва Қрим қарор дорад. Қрим ҳоло ба назорати Русия даромадааст.

24 январ дар бораи ҷангҳои бештар дар панҷ минтақаи шарқии Украина гузоришҳо пахш шуд. Як рӯз пеш Александр Захарченко-раҳбари ҷудоихоҳон эълон кард, ки онҳо барои ба назорат даровардани ҳамаи минтақаҳои Донетск ба амалиёти таҳоҷумӣ оғоз мекунанд. Захарчеко гуфт, ки ҷудоихоҳон баъд аз 9 моҳи муноқиша, ки дар он бештар аз 5 ҳазор нафар кушта шудаанд, “талоше барои оташбас нахоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG