Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон 25-уми январ барои ҷойи ҳафтум дар Ҷоми Иттиҳод дар Санкт-Петербург бо дастаи Қазоқистон рақобат мекунад.

Мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон, ки 23-юми январ дар мусобиқаи XXIII байналмилалии “Ҷоми Иттиҳод-2015” аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрд, барои ҷойи ҳафтум бо дастаи Қазоқистон рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 25-уми январ соати 13 ба вақти Душанбе дар Маҷмааи варзишию консертии Петербургскийи шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2015 рӯзи 17-уми январ дар нахустин бозиаш тими Қазоқистонро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода буд.

Инчунин 25-уми январ соати 15:15 ба вақти Душанбе мунтахаби Русия дар бозӣ барои ҷойи панҷум бо тими Қирғизистон вориди рақобат мешавад.

Шоми якшанбе соати 17:30 ба вақти Душанбе бозӣ барои ҷойи 3-юм байни дастаҳоиБеларус–Туркманистон ва соати 21 ба вақти Душанбе бозии ниҳоӣ байни тимҳои Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ - Финляндия барпо мегарданд.

Ҷоми Иттиҳод-2015

Бозиҳо барои ҷойҳои 5-8-ум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:3

Голҳо: Козубаев, 5 (0:1). Аҳмадалиев, 18 (0:2). Боколеев, 54 (0:3). Абдурасул Раҳмонов, 90+1 (1:3)

Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев, Алишер Шарифов (к), АмирбекҶӯрабоев (Меҳроҷиддин Музаффаров, 82), Фаридун Шарифов (Вайсиддин Сафаров, 52), Ҷаҳонгир Алиев (Фирӯз Раҳматов, 79), Ҷаҳонгир Эргашев, Саидхони Амрохон, Ойбек Абдуғаффоров, Ромиш Ҷалилов (Абдулло Саидов, 53), Абдурасул Раҳмонов, Бахтиёр Азимов.

Қирғизистон: Шикин, Юсупов, Умаров (Солиев, 87), Козубаев, Шаршеев (Сардорбеков, 90), Дуйшобеков, Боколеев (Баротов, 64), Сагинбоев (Темурбоев, 46), Аҳмадалиев (Эшимов, 75), Мӯсобеков (Левченко, 86), Исроилов (к) (Момунов, 82).

Огоҳонида шуданд: Раҳматов (Тоҷикистон), Эшимов (Қирғизистон).

Бозигарони беҳтарин: Бахтиёр Азимов (Тоҷикистон), Аҳлиддин Исроилов (Қирғизистон).

Доварон: Станислав Василев, Дмитрий Жвакин, Роман Милюченко.

23 январ, Санкт-Петербург, МВК “Петербургский”, 300 тамошобин.

Қазоқистон – Русия – 0:3

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум

Эстония – Молдова – 2:3

Латвия – Литва – 2:0

Нимфинал

Беларус – Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – 1-1 (пеналтӣ -3-4)

Туркманистон – Финляндия-0-4

24 январ (шанбе)

18.30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Эстония – Литва

21.00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Молдова – Латвия

25 январ (якшанбе)

13.00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум.Қазоқистон – Тоҷикистон

15.15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Русия – Қирғизистон

17.30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Беларус –Туркманистон

21.00 – Финал. ҶАҶ –Финляндия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG