Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар, ки барои ҳимоят аз як маҷаллаи қазоқӣ баргузории ҳамоишеро ба нақша гирифта буданд, дар Алмаато ҳангоме, ки аз хонаҳо худ берун меомаданд, боздошт шуданд.Ин ҳамоиш барои 24 январ барномарезӣ шуда буд.

Маҷаллаи «Адам Бол»-ро моҳи гузашта бастанд. Гулҷон Эргашалиева-сардабири он дар сафҳаи Facebook-и худ 24 январ навишт, ки пулис рӯзноманигоронро яке паси дигар, вақте ки аз хонаҳояшон берун меоянд, боздошт мекунад ва ба шӯъбаи пулис мебарад, то ба қавли худашон “бо қонун ошно кунад”.

Дар миёни боздоштшудагон Аён Шарифбоев-дабири аршади маҷаллаи “Адам Бол” ва рӯзноманигор Мирос Нурмуҳаммадов низ ҳастанд.

Вай навиштааст, ки пулис дар даромадгоҳи дафтари маҷалла низ вайро аз замоне, ки вай гуруснанишинӣ эълон кардааст, интизорӣ мекашад. Вале баъд аз навиштани ин суханон вайро боздошт кардаанд ва вай танҳо паёми охири худро гузоштааст ва гуфтааст: “Онҳо маро интизоранд”.

Фаъолони шаҳрвандӣ ба нақша гирифта буданд, ки соати 12 вақти маҳаллӣ дар Майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмаато зери шиори “мулоқот бо хонандагон” тазоҳурот баргузор кунанд.

XS
SM
MD
LG