Пайвандҳои дастрасӣ

Амонбоева аз вакилии порламон маҳрум шуд


Урмат Амонбоева

Урмат Амонбоева

Кумиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон Урмат Амонбоева-намояндаи порламон аз ҷиноҳи мухолифони «Республика»-ро аз намояндагии порламон маҳрум кард. Вай барои ришвахорӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора кумиссиюни марказӣ ба матбуот хабар додааст.

Дар ин хабар омадааст, ки бо пешниҳоди Додситонии кулл Кумиссиюни марказии интихоботӣ чунин тасмим гирифтааст. Моҳи ноябри соли 2014 додситонӣ бар зидди Амонбоева барои ришвахорӣ парванда боз кардааст.

Амонбоева дар солҳои 2009-2013 сармуҳосиби маркази вилоятии мубориза бо бемории сил будаст ва дар он солҳо гурӯҳе ташкил кардааст, ки он ба давлат зарари зиёди молӣ расондааст.

Баъд аз интихобаш ба намояндагии порламон низ хонум Амонбоева сарпарастии ин гурӯҳро зери назар доштааст. Гурӯҳ бо қочоқи дору ва таҷҳизоти тиббӣ машғул будааст.

XS
SM
MD
LG