Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар Донбасс беш аз 5 ҳазор нафар ҷон бохтаанд


Бар асари даргириҳо дар шарқи Украина шурӯъ аз моҳи апрели соли гузашта 5086 нафар ба ҳалокат расиданд. Намояндаи Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар Руперт Колвил рӯзи 23 январ гуфт, ки теъдоди воқеъии қурбониёни низоъ хело бештар аст. Фақат баъд аз рӯзи 13 январ дар ин минтақа 262 нафар кушта шуданд ва нӯҳ рӯзи ахир, ба гуфтаи Руперт Колвил, мушкилтарин марҳала баъд аз имзои созиши оташбас миёни Киев ва ҷудоихоҳон дар рӯзи 5 сентябри соли гузашта буд.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ҷумҳурии худхондаи Донетск Александр Захарченко гуфт, ки ҳамлаҳо ба нерӯҳои украиниро то марзҳои маъмурии вилояти Донетск идома хоҳад дод. Ӯ рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо донишҷӯён дар Донетск гуфт, ки айни ҳол нерӯҳои онҳо сӯи Майорск, Авдеевка ва Очертино ҳаракат мекунанд ва агар дар ин масирҳо бо таҳдиде рӯ ба рӯ шаванд, онро нобуд хоҳанд сохт.

Александр Захарченко афзуд, ки дигар бо Киев дар мавриди оташбас ягон хел музокирот ва созиш нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG