Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳисоботи Расулзода то Рустами Эмомалӣ


Баъд аз анҷоми ироаи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ду палатаи парлумони кишвар ҷаласаи васеи ҳукумат баргузор шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаласа аз рушди иқтимоию иқтисоди соли 20й4 натҷиагирӣ шуда, «вазифаҳои асосӣ барои соли 2015» мушаххас гардидааст.

Ин маҷлиси васеи ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент ва дигар мақомоти марказӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ бонкҳои саҳҳомӣ…ва дигар афроди масъул ҷараён дорад.

Дар оғози ин ҷаласаи ҳукумат ҳисоботи Қоҳир Расулзода -- нахуствазири Тоҷикистон, Абдусалом Қурбонов -- вазири молия, Нусратулло Давлатзода -- раиси Кумитаи андоз, Рустами Эмомалӣ -- раиси Хадамоти гумрук ва Сафаралӣ Наҷмиддинов -- директори Агентии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ шунида шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ҳангоми ҳисобот ва пурсишу посухҳо «таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ ва иқтидори содиротӣ ва кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа зоҳир карда шуд».

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласаи ҳукумат дастур додаст, «корҳо барои муайян ва бекор намудани нафақаҳои бо роҳҳои қалбакӣ таъингардида» идома дода шавад. Бар асоси иттилои расмӣ, то кунун 5 ҳазору 600 нафақаи ғайриқонунӣ таъингардида бекор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG