Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи 382 шогирди гимназияи исломӣ


Бинои Донишгоҳи исломии Тоҷикистон

Бинои Донишгоҳи исломии Тоҷикистон

Масъулони гимназияи исломии Тоҷикистон, ки зертобеи Донишгоҳи исломист, мегӯянд, дар як соли гузашта 382 шогирди ин муассисаи таълимиро ихроҷ кардаанд.

Лутфулло Сафаров -- ноиби раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар нишасти хабарии 23 январ дар ин бора суҳбат карда, далели ихроҷи ин теъдод толибилмонро ба камбуди ҷой марбут донист. Ӯ гуфт, дар пайи як санҷиши Вазорати маориф ва илм мушаххас шудааст, ки теъдоди толибилмон дар муқоиса ба ҷои нишаст дар ин гимназия хеле зиёданд. “Баъд мо ҳам санҷиш карда, онҳоеро, ки оинномаи гимназияро риоя намекарданд, аз таҳсил дар ин муассиса маҳрум кардем”,-афзуд ӯ.

Ба қавли ин масъули Донишгоҳи исломӣ, аксари шогирдон барои “дарсшиканӣ, ҳозир нашудан ба дарс, риоя накардани сарулибоси ягонаи мактабӣ, сатҳи пасти донишомӯзӣ, ҷавобгӯ набудани одобу ахлоқ” аз гимназияи исломӣ ихроҷ гардидаанд.

XS
SM
MD
LG