Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2018 моҳи июн доир мешавад


Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Русия аз даври дувуми интихобӣ, ки қуръакашии он 17-уми апрел баргузор мешавад, шурӯъ хоҳад кард.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА дар қораи Осиё дар мақоми 20-ум қарор дорад, барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Русия аз даври дувуми интихобӣ, ки қуръакашии он 17-уми апрел баргузор мешавад, шурӯъ мекунад.

Тибқи тақвими сабқати интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар майдони худ 11-уми июни соли равон бо яке аз дастаҳои сабади дувум, ки ба он Арабистони Саудӣ, Урдун, Ироқ, Баҳрайн, Қатар, Лубнон, Фаластин ва Кувайт дохиланд, анҷом медиҳад.

Дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон 16-уми июн дар сафар муқобили яке аз дастаҳои сабади панҷум, ки ба он Гуам, Бангладеш, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Яман, Камбоҷа, Тайван, Темури Шарқӣ, Непал, Макао, Покистон, Муғулистон, Бруней ва Бутан шомиланд, бозӣ мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон аз бозии даври севум, ки 3-юми сентябр ба нақша гирифта шудааст, озод аст. Дар даври чорум, ки 8-уми сентябр барпо мегардад, барои бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё аз сабади аввал – Эрон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Австралия ва Умон – меояд.

Бозии даври панҷумро мунтахаби Тоҷикистон 8-уми октябр дар меҳмонӣ муқобили дастае аз сабади чаҳорум анҷом медиҳад. Рақибони эҳтимолии Тоҷикистон метавонанд тимҳои Сурия, Қирғизистон, Кореяи Шимолӣ, Малайзия, Ҳонконг, Сингапур, Индонезия ё Лаос шаванд.

Нимаи дувуми сабқати гурӯҳиро мунтахаби Тоҷикистон бо бозӣ дар сафар муқобили дастаи сабади дувум 13-уми октябр шурӯъ мекунад. Баъдан боз чаҳор бозӣ дар доираи даври дувуми интихобӣ баргузор мешавад: даври 7-ум (12 ноябр, дар майдони худ, рақиб – даста аз сабади 5-ум), даври 8-ум (истироҳат), даври 9-ум (24 март, дар сафар, рақиб – даста аз сабади аввал), даври 10-ум (29 март, дар майдони худ, рақиб – даста аз сабади 4-ум).

Футболбозони тоҷик дар даври дувуми интихобӣ ҳамагӣ 8 бозӣ – 4 бозӣ дар майдони худ ва 4 бозӣ дар сафар анҷом медиҳанд.

Ҳашт дастаи беҳтарини даври дувуми интихобӣ, инчунин чаҳор дастае, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва дар байни дастаҳои ҷойҳои дувумро ишғолнамуда нишондиҳандаҳои беҳтаринро доранд, ба таври автоматӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осий-2019 роҳ ёфта, ҳамчунин дар даври севуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 мубориза мебаранд.

Бояд гуфт, ки акнун дар даври ниҳоии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон теъдоди дастаҳо ду адад меафзояд ва 12 тимро ташкил медиҳад. Дар ҳар як гурӯҳ 6-дастаӣ бозӣ мекунад. Дастаҳое, ки ду ҷойи аввалро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Русия муваффақ мешаванд.

Дастаҳое, ки дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 натиҷаҳои паст нишон медиҳанд, барои дарёфти 12 роҳхати боқимонда ба Ҷоми Осиё-2019 мубориза мебаранд. Дастаҳо ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ метавонад дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат намояд.

Ҳамакнун дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё 24 даста ширкат меварзад. Ба ин тартиб, Ҷоми Осиё-2015, ки дар ҳамин ҳол дар Австралия ҷараён дорад, охирин мусобиқаест, ки шумораи дастаҳои ширкаткунанда аз 16 тими мунтахаб иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки Федератсиони байналмилалии футбол (ФИФА) санаи баргузории мусобиқаи навбатии қаҳрамонии футболро эълон кардааст. Ҷоми ҷаҳонӣ аз 14-уми июн то 15-уми июли соли 2018 дар Русия баргузор мешавад.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар 11 шаҳри Русия - Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Сочи ва Екатеринбург– барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG