Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори бозпурсии сарбоз Пермяков пахш шуд


Кумитаи тафтишоти Арманистон шоми панҷшанбе навори видеои бозпурсии сарбози русеро пахш кард, ки дар куштори як хонаводаи арманӣ айбдор мешавад.Ба иттилои муфаттишон, дар бозпурсӣ, ки бо забони арманӣ сурат гирифтааст, тарҷумон ва вакили дифои сарбози рус Валерий Пермяков ҳам ҳузур доштанд. Тафсилоти бозпурсӣ нашр нашудааст.

Валерий Пермяков рӯзи 12 январ силоҳ дар даст худсарона пойгоҳи низомии воқеъ дар шаҳри Гюмриро тарк карда буд. Баъд аз фирори ӯ ҷасадҳои шаш узви як хонаводаи Аветисян, аз ҷумла, духтарчаи яксола пайдо гардид. Аскари рус як рӯз баъд дар марз бо Туркия сарбози рус дастгир ва ба гуноҳаш иқрор шуд.

Охирин узви хонаводаи Аветисян – тифли шашмоҳа, ки маҷрӯҳ шуда буд, рӯзи 19 январ дар бемористон даргузашт.

Қатли хонаводаи арманӣ аз сӯи сарбози рус боиси эътирозҳои густурда дар Ереван ва Гюмрӣ шуд. Мақомоти Русияву Арманистон ҳодисаро муштаракан тафтиш мекунанд. Мурофиаи Пермяков аз сӯи додгоҳи низомии Русия дар қаламрави Арманистон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG