Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон ҳама Донетскро ишғол карданианд


Ҷудоихоҳони рустабор ҳамлаҳо ба нерӯҳои украиниро то марзҳои маъмурии вилояти Донетск идома хоҳад дод. Дар ин бора раҳбари ҷумҳурии худхондаи Донетск Александр Захарченко рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо донишҷӯён дар Донетск хабар дод ва гуфт, ки айни ҳол нерӯҳои онҳо сӯи Майорск, Авдеевка ва Очертино ҳаракат мекунанд ва агар дар ин масирҳо бо таҳдиде рӯ ба рӯ шаванд, онро нобуд хоҳанд сохт. Ӯ афзуд, ки дигар бо Киев дар мавриди оташбас ягон хел музокирот ва созиш нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи Захарченко, ҷудоихоҳони Ҷумҳурии Луҳанск низ дар ҳама ҷабҳаҳо пеш мераванд.

Дар ҳамин ҳол намояндаи вазорати дифои ҷумҳурии Донетск Эдуард Басурин рӯзи 23 январ хабар дод, ки даргириҳо дар фурудгоҳи Донетск ва Горловка дубора тезутунд шуданд. Ба гуфтаи ӯ, бар асари тирборони Донетск ва Горловка даршабонарӯзи гузашта 16 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Ӯ иқрор кард, ки талафоти ҷудоихоҳон ҳам назар ба рӯзҳои пештара бузургтар буд – дар набардҳо 24 нафар кушта ва 30 тани дигарашон маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG