Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк: Русия масъули фоҷиа дар Донетск аст


Шӯрои амнияти СММ бо пахши як изҳорот хостори пайдо ва муҷозот кардани муҷримони ҳамла ба истгоҳи троллейбус дар шаҳри Донетски Украина шуд. Бар асари дар ин истгоҳ таркидани тири миномёт рӯзи панҷшанбе дасти кам 13 нафар, асосан афроди солхӯрда, ба ҳалокат расиданд.

Дар изҳорот барои матбуот раиси Шӯрои амнияти СММ ба зарурати “таҳқиқи воқеъбинона” ва “ба додгоҳ кашидани муҷримон” таъкид шудааст.

Раҳбари ҷумҳурии худхондаи Донетск Александр Захарченко дар ҳалокати сокинони осоишта низомиёни украиниро айбдор намуд ва амр кард, сарбозоне, ки дар ҷангҳо барои фурудгоҳи Донетск асир уфтодаанд, ба ҷойи фоҷиа бурда шаванд. Аммо вазорати мудофиаи Украина рӯзи ҷумъа эълом дошт, ки замони рӯй додани ҳодиса низомиёни кишвар 15 километр дуртар аз мавқеи нерӯҳои ҷудоихоҳон мустақар шуда буданд.

Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, изҳор намуд, ки “террористҳо боз як амали алайҳи башариятро анюом доданд ва масъулияти он бар дӯши Русия аст”.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, дар навбати худ, ҷониби Украинаро дар ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам намуд.

XS
SM
MD
LG