Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Салмон ибни Абдулазиз ал-Саъуд ба тахт нишаст


Малик Абдулло бини Абдулазиз ал-Саъуд

Малик Абдулло бини Абдулазиз ал-Саъуд

Шоҳи Арабистони Саъудӣ Абдулло бини Абдулазиз ал-Саъуд дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора субҳи рӯзи ҷумъа телевизиони давлатии Арабистони Саъудӣ хабар дод. Бино ба иттилои расмӣ, шоҳ соати яки шаби аз панҷшанбе ба ҷумъа оламро тарк гуфтааст.

Дар бораи сабабҳои даргузашти подшоҳ чизе гуфта нашудааст, аммо охири соли гузашта иттилоъ дода шуда буд, ки Малик Абдулло бини Абдулазиз ал-Саъуд бо маризии шуш ба бемористони Ар-Риёз интиқол ёфтааст.

Бар пояи хабарҳо, шоҳзода Салмон ибни Абдулазиз ал-Саъуди 76-сола ба тахти подшоҳӣ нишастааст.

Ҷон Керрӣ. Вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи ҷумъа изҳор намуд, ки Амрико дӯст ва ҳампаймони ҷасури худ дар мубориза бо ифротгароӣ ва пуштибони бонуфузи раванди сулҳ дар Ховари Миёнаро аз даст додааст.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соли 1932 аз тарафи Абдулазиз ал-Сауд таъсис ёфтааст. Низоми меросиро ӯ ба гунае муайян кард, ки тахт аз писари калонӣ ба писарони хурдӣ интиқол меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23 январ дар номае унвонии подшоҳи нави Арабистони Саудӣ, Салмон бини Абдулазиз, даргузашти Малик Абдуллоҳ бин Абдулазизро тасаллият гуфтааст.

XS
SM
MD
LG