Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешравии нирӯҳои курд бар зидди "Давлати исломӣ"


Пешравии нируҳои курд
Пешравии нируҳои курд

Нирӯҳои курд дар шимоли Ироқ бар зидди тундравҳои ба номи "Давлати исломӣ" амалиёти густардаеро оғоз кардаанд. Бино ба гузоришҳо, нирӯҳои Пешмаргаи курд аз панҷ самт ҳамла бурдаанд ва чаҳорроҳии муҳими Кискеро, ки маҳали фармондеҳӣ мебошад, ба назорати худ даровардаанд.

Ин чорроҳа дар 40 километрии ғарби шаҳри Мавсил қарор дорад. Нирӯҳои ҳавоии эътилофи зидди тундравҳои "Давлати исломӣ" амалиёти курдҳоро дар оғоз аз ҳаво ҳимоят карданд ва акнун дар амалиёти заминӣ ба онҳо кӯмак мерасонанд.

Бо ин пешрафт нируҳои курд роҳи аслии икмолотии нируҳои "Давлати исломӣ"-ро қатъ карданд. Ин роҳ ситоди онҳо дар Масвсил ва Талофарро ба ҳам мепайваст.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар курдҳо тавонанд, ки ин роҳро дар ихтиёри худ нигоҳ доранд, иртиботи шаҳри Масвсил ва Талофар қатъ мешавад. Талофар дар 70-километрии Мавсил аст ва маркази аслии тундравҳои "Давлати исломӣ" ба шумор меравад. Баъд аз 100 километри дигар ба самти ғарб марзи Сурия ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG