Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон бо ҳисоби 2-0 ба Кореяи Ҷанубӣ бохт


Баъд аз 30 дақиқаи вақти иловагӣ бозии дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо дастаи Узбакистон дар Мелбурн бо ҳисоби 2-0 ба нафъи дастаи Кореяи Ҷанубӣ анҷом ёфт. Дастаи Корея дар қисми иловагӣ ду тӯбро дар дақиқаҳои 104 ва 119 вориди дарвозаи Узбакистон кард.

Дар ду қисми асосии бозӣ ба ҳеҷ як аз дастаҳо задани тӯб ба дарвозаи якдигар муясар нашуд ва доварон ба дастаҳо ду қисми дигари 15 дақиқаӣ доданд.

Ба ин тартиб, дастаи Узбакистон, ки мехост ба даври ниманиҳоии бозиҳои Ҷоми футболи Осиё роҳ ёбад, маҳрум шуд. Ин яке аз бозиҳои аслии чаҳорякниҳоӣ дар бозиҳои ин ҷом ба шумор мерафт.

Дар бозии дигар, ки дар шаҳри Брисбейн баргузор мешавад, дастаҳои Австралия, яъне мизбонони Ҷоми Осиё бо дастаи Чин бозӣ мекунанд.

Дастаи Чин дар се бозии ахири худ бо Австралия 2 бозиро бурдааст ва як бозиро мусовӣ анҷом додааст. Вале ин ду даста бори аввал дар марҳилаҳои ниҳоии бозиҳои Ҷоми Осиё бо ҳам мусобиқа мекунанд.

XS
SM
MD
LG