Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умеди Узбакистон дар бозиҳои Ҷоми Осиё


Лаҳзае аз бозии Узбакистон бо Кореяи Ҷанубӣ, бозӣ идома дорад.

Лаҳзае аз бозии Узбакистон бо Кореяи Ҷанубӣ, бозӣ идома дорад.

Дар Австралия бозиҳои Ҷоми қаҳрамонии футболи Осиё ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад. 22 январ дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ ду бозии муҳим баргузор мешавад.

Дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо дастаи Узбакистон дар Мелбурн бозӣ мекунад. Узбакистон мехоҳад, ки мисли бозиҳои ҷоми гузашта бори дигар ба ниманиҳоӣ роҳ ёбад. Вале чунин ба назар мерасад, ки дастаи Кореяи Ҷанубӣ ба пирузӣ умед бастааст.

Ҳар ду қисми бозӣ 0-0 анҷом ёфт ва 30 дақиқаи дигар ба дастаҳо вақти иловагӣ доданд.

Дар бозии дигар, ки дар шаҳри Брисбейн баргузор мешавад, дастаҳои Австралия, яъне мизбонони Ҷоми Осиё бо дастаи Чин бозӣ мекунанд.

Дастаи Чин дар се бозии ахири худ бо Австралия 2 бозиро бурдааст ва як бозиро мусовӣ анҷом додааст. Вале ин ду даста бори аввал дар марҳилаҳои ниҳоии бозиҳои Ҷоми Осиё бо ҳам мусобиқа мекунанд.

XS
SM
MD
LG