Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 3150 кг тилло истеҳсол кардааст


Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар назар дорад ҳаҷми истеҳсоли тиллоро дар соли равон ба чаҳор тонна бирасонад. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 22 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар 11 моҳи соли гузашта дар кишвар 3 тонна ва 150 килограм тилло истеҳсол шудааст. Вай гуфт, ки тибқи нақша бояд имсол 3,8 тонна тилло истеҳсол намоянд, аммо онҳо талош мекунанд, ҳаҷми истеҳсоли онро то ба чаҳор тонна бирасонанд. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта истеҳсоли семент ба беш аз 1 миллион тонна расид ва ин сабаб шуд, то воридоти семент аз хориҷ назар ба соли 2013 то 600 ҳазор тонна коҳиш ёбад. Вай инро ба зиёд шудани корхонаҳои сементи ватанӣ, рабт дод. Ба гуфтаи ҷаноби Бобозода, истеҳсоли семент дар кишвар назар ба соли 2013 ҳафтсад ҳазор тонна зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG