Пайвандҳои дастрасӣ

Чин ба "Тоҷиказот" чашм дӯхтааст (ВИДЕО)


Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки Чин барои фаъол кардани корхонаи "Тоҷиказот", ки саҳмияҳои он ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ ва писари Зайд Саидов тааллуқ доштанд, пешниҳод ироа кардааст.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯзи 22 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Чин барои ба кор даровардани корхонаи "Тоҷиказот" пешниҳод ироа кардааст ва ҳоло он аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад.

Вазири саноат ва техлологияҳои нави Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки ба иловаи Чин, ҳамчунин боз чанд ширкати дигари хориҷӣ барои фаъол кардани "Тоҷиказот" пешниҳод ироа кардаанд, ки дар сатҳи ҳукумат мавриди баррасӣ қарор доранд: "Имрӯз бидуни технология ба ҷое намерасем. Чиниҳо чунин технология пешниҳод кардаанд. Дар баробари чиниҳо, дигар ширкатҳои аврупоӣ низ чунин пешниҳод кардаанд."

Вазири саноат ва техологияи нави Тоҷикистон афзуд, ки ширкати "Тоҷиказот" ҳоло бинобар набудани ашёи хом, ба таври пурра фаъолият намекунад.

Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон дар як ҳалнома 23-юми июни соли 2014 корхонаи «Тоҷиказот»-ро, ки 75 фоизи саҳмияҳояш аз соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш аз ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш аз соҳибкори тоҷик Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд, ба моликияти давлатӣ ворид кард.

Баҳси корхонаи тавлидотӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар асоси даъвои Оҷонсии зидди корруспия соли 2002 оғоз шуда буд, аммо ин корхона баъди қатъ шудани гази ворида аз Узбакистон, аз фаъолият монда буд. «ТоҷикАзот» шояд ягона корхонаи азими саноатӣ дар Тоҷикистон аст, ки бахши кишоварзии вилояти Хатлон ва кулли кишварро бо нуриҳои минералӣ таъмин кард.

Дмитрий Фирташ, ки ҷамъи дороиҳояш, аз рӯи бархе маълумот, беш аз 600 миллион ва бар пояи маълумоти дигар беш аз 3 миллиард доллар ҳисоб шудааст, дар авоили солҳои 2000 –ум вориди бизнеси Тоҷикистон шуд. Фирташ аз ҷумла корхонаи нуриҳои азотии Вахш - "Тоҷиказот"- дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, корхонаи "Абрешими Хуҷанд" дар шимол ва корхонаи дӯзандагии "Гулистон" дар Душанберо харидорӣ кард.

Ӯ бо Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, равобити хеле наздик дошт ва аз ҷумла идораи умури корхонаи "Гулистон"-ро дар солҳои охир ба Саидов супурда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG