Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Мансабдорони афғон озодии баёнро буғӣ мекунанд


Созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch (HRW) аз афзоиши таҳдиду хушунат алайҳи хабарнигорон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард

Бино ба гузориши нави ин созмон, ки рӯзи 21 январ нашр шуд, озодии баён, яке аз дастовардҳои муҳими Афғонистон баъд аз соли 2001, ахиран ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст. Муаллифон ба ҳамлаву тарсдиҳии хабарнигорон ва сарпечии ҳукумати Афғонистон аз тафтиши қазияҳои ҳамла ба кормандони расонаҳои хабарӣ ва муҷозоти муҷримон таъкид кардаанд. Гуфта мешавад, бо сарпечӣ аз пуштибонии журналистон мақомоти кишвар аз онҳо барои танқиди ҳукумат, нерӯҳои амниятӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ интиқом мегиранд. Ва ин дар ҳоле, ки бино ба гузориши HRW, ошӯби “Толибон” ба ҳукмфармо шудани фазои тарс дар ҷомеъаи Афғонистон ва ба вижа, миёни хабарнигорон, мусоидат кард.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки фақат дар шаш моҳи аввали соли гузашта 68 ҳодисаи ҳамлаву таҳдид ба кормандони расонаҳои хабарӣ сабт шудааст – як сол пеш, яъне дар нимаи аввали соли 2013, фақат 41 ин гуна ҳодиса ба қайд гирифта шуда буд. Ба иттилои Кумитаи дифоъ аз хабарнигорони Афғонистон, ки аз соли 2012 ба ин сӯ нақзи ҳуқуқи хабарнигоронро пажуҳиш мекунад, дар 63 дар сади ҳодисаҳои ҳамлаву таҳдид ба кормандони расонаҳои хабарӣ мансабдорону нерӯҳои ҳукуматӣ даст доранд.

Созмони хабарнигории НАИ низ ахиран пажуҳиши худро нашр кард, ки дар он ба афзоиши хушунати мансабдорону сиёсатмадорон алайҳи журналистони маҳаллӣ дар соли гузашта таъкид шудааст.

Рафеъуллоҳ Бедор
Рафеъуллоҳ Бедор

Доктор Рафеъуллоҳ Бедор, як тан аз масъулини Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон, ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тайид кард, ки ахиран сатҳи хушунат алайҳи хабарнигорон дар Афғонистон боло рафтааст ва озодии баён дар кишвар дар вартаи нобудӣ қарор гирифтааст. Ӯ гуфт, ки охирин ҳодисаи қатли хабарнигор дар шаҳри Ҷалолобод рӯй дода буд. "Хушбахтона, ҳодисаи қатли хабарнигорон чун солҳои пеш зиёд нест, аммо лату кӯб, сарпечӣ аз додани иттилоъ ва гирифтани камераҳои онҳо ба як амри маъмулӣ таюдил шудааст. Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи мусоҳиби мо, созмонҳое чун Хонаи Озодӣ Афғонистонро дар сафи кишварҳои матбуоташон ноозод ё қисман озод ҷой медиҳанд".

Созмони Human Rights Watch аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ки ҳама гуна ҳамла ба расонаҳову хабарнигоронро маҳкум кунад ва кафолат диҳад, ки ҳар мансабдор, корманди полис ё хадамоти амният ва дигар афроди масъул дар сурати ҳамла ба хабарнигорон ба додгоҳ кашида мешаванд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар хостори он ҳам шудаанд, ки Додситонии Афғонистон ҳама гуна ҳамла ба хабарнигоронро зуд, бетарафона ва ба таври комил тафтиш кунад. Онҳо аз толибон даъват намуданд, ки ба ҳамлаҳо ба муассисаҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла, ба васоили ахбори умум хотима гузоранд.

XS
SM
MD
LG