Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис мубориза бо террорро тақвият медиҳад


Фаронса барои мубориза бо терроризм ба таври иловагӣ 425 миллион доллар ҷудо мекунад. Мануэл Валлс, назуствазири Фаронса, рӯзи 21 январ изҳор намуд, ки дар ниҳодҳои масъули мубориза бо терроризми кишвар 268 ҷойи кори нав таъсис хоҳад шуд. Ӯ таъкид намуд, ки нерӯҳои амниятӣ бояд аз болои тақрибан 3 ҳазор исломгарои эҳтимолӣ дар кишвар назорат баранд. Нахуствазир афзуд, ки ин нерӯҳо бо таҷҳизоту силоҳи навтарин муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.

Бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарлӣ Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Ҳамлагарон - бародарон Саид ва Шариф Кучӣ дар амалиёти вижаи полис ба ҳалокат расиданд. Онҳо ба ин амал дар вокуниш ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар ин маҷалла даст задаанд.

XS
SM
MD
LG