Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 3 сокини Бохтар дар ҷанги Сурия


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мегӯянд, дар соли гузашта се тан аз сокинони ин ноҳия дар ҷанг алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия иштирок карда, ҷон бохтаанд.

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар, ки дар нишасти хабарии 21 январ суҳбат мекард, гуфт, ду тани онҳо аз ҷамоати Сарвати Истиқлол ва як нафар аз ҷамоати Меҳнатобод будаанд. Ҷаноби Ғаффор аз афроди фавтида ном набурд, аммо гуфт, хабари марги онҳо ба мақомот расидаву тасдиқ шудааст.

“Танҳо се нафар аз ноҳияи Бохтар буданд, ки фавтидаанд. Аз ин ноҳия дигар дар Сурия касе нест”,-таъкид дошт ӯ. Раиси ноҳияи Бохтар гуфт, дар ҳоли ҳозир танҳо ду нафар аз ноҳияи онҳо дар Миср ба таҳсили ғайрирасмии динӣ машғул будаанду бас.

XS
SM
MD
LG